Андаке пештар аз ин эълон Доналд Трамп бо нашри як баёния дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинони Теҳрон хост, фавран шаҳрро тарк кунанд. Трамп дар шабакаи «Truth Social» навишт: «Эрон бояд он «тавофуқ» ро имзо мекард. Ман ба онҳо гуфтам имзо кунанд. Чӣ шармовар ва чӣ барҳадар рафтани ҷони инсонҳо. Содда. Эрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад. Борҳо гуфтаам. Ҳама бояд фавран Теҳронро тарк кунанд!»
Артиши Исроил рӯзи 16-уми июн бо нашри як баёния, аз сокинони яке аз манотиқи сераҳолии Теҳрон хост, ки онҷоро тарк кунанд. Ин ҳушдорҳо дар ҳолест, ки Исроил ҳамлаҳо ба Эронро барои вайрон кардани таъсисоти атомии ин кишвар сахттар мекунад.
Трамп пеш аз эълони тасмим барои тарки зудҳангоми нишасти раҳбарони ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон ба хабарнигорон гуфт: «Ба маҳзи инки аз инҷо бароям, коре анҷом хоҳем дод. Аммо бояд инҷоро тарк кунам.»
Доналд Трамп шарҳи бисёре надод, аммо сухангӯи Кохи Сафед, Алекс Файфер, баъдан дар шабакаи X навишт, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна ҳамчунон дар «вазъи дифоӣ» ҳастанд ва ин вазъият тағйире накарда аст.
Пеш аз тарки Трамп, раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи ҳафт баёнияи муштараке имзо карданд, ки дар он бар «аҳамияти ҳифзи ғайринизомиён» таъкид шудааст, зеро ҳамлаҳои фазоянда, талафот дар байни мардуми осоиштаи дар ҳар ду тарафро ҳам зиёд кардааст.
Раҳбарони Гурӯҳи 7 – Бритония, Канада, Фаронса, Олмон, Италиё, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин таъкид карданд, ки Эрон «ҳич гоҳ набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад» ва Исроил «ҳақ дорад, аз худ дифо кунад».
Раҳбарони ҳафт кишвар дар ин баёния изҳори умедворӣ кардаанд, ки ҳалли бӯҳрони Эрон «ба коҳиши даргириҳо дар Ховари Миёна, аз ҷумла барқарории оташбас дар Ғазза, сабаб мешавад».
Аз замони оғози бомбборонҳои Исроил дар рӯзи 13-уми июн, пурсишҳо дар бораи эҳтимоли пайвастани Амрико дар ҳамлаҳо алайҳи Эрон матраҳ шуда аст. Раисҷумҳури Амрико борҳо гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳамлаҳои ибтидоии Исроил дахолате надоштааст. Ӯ аз посух ба ин суол ки оё Амрико дар ҳамлаҳои баъдӣ ширкат хоҳад кард, худдорӣ карда аст.
Вақте аз Трамп пурсиданд, чӣ чизе Амрикоро водор мекунад, ки Амрико вориди ин даргирӣ шавад, ӯ гуфт: «Намехоҳам, дар бораи ин сӯҳбат кунам.»
Исроил чандин иншооти атомии Эронро ҳадаф қарор додааст, аммо натавонистааст, таъсисоти ғанисозии ураниуми Фордоро осеб расонад, ки дар зери замин ва ҳудуди 200 километрии ҷануби Теҳрон қарор дорад. Коршиносони низомӣ, ки расонаҳои Амрикоӣ онҳоро иқтибос кардаанд, мегӯянд, барои нобуд кардани ин иншоот Исроил ба бомбҳои қудратманди амрикоӣ эҳтиёҷ дорад, ки фақат бо ҳавопаймоҳои бомбафкани B-2 артиши Амрико партоб мешаванд.
Тарки ногаҳонии нишаст, ки қарор аст, 17-уми июн поён ёбад, ба ин маъност, ки ӯ бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин гуфтугӯ намекунад. Зеленский бо даъвати кишвари мизбон, Канада, дар нишаст ширкат мекунад.
Интизор мерафт, ин дидор пас аз изҳороти Трамп дар рӯзи 16-уми июн танишофар бошад. Раиси ҷумҳури Амрико дирӯз гуфт, ба сабаби ишғоли нимҷазираи Қрима, ихроҷи Русия аз Гурӯҳи 7 кори хато буд.
Трамп дар канори нахуствазири Канада, Марк Карни, гуфт кор дар он замон «хатои бузурге» буд ва афзуд бовар дорад, ки агар Владимир Путинро аз гурӯҳ ихроҷ накарданд, Русия соли 2022 ба Украина ҳамла намекард.
Ӯ гуфт: «Путин бо ман сӯҳбат мекунад. Бо ҳеч каси дигар сӯҳбат намекунад... Ӯ аз ин бобат хушҳол нест. Метавонам бигӯям, асосан бо касоне, ки ӯро ихроҷ карданд, сӯҳбат намекунад ва ман бо ӯ мувофиқам.»
Агарчӣ Трамп ошкоро нагуфт, ки Русия бояд дубора ба гурӯҳ бозгардад, изҳороти ӯ шакку гумонҳоеро дар бораи сатҳи дастоварди эҳтимолии Зеленский дар ин дидор эҷод кард.
Раҳбарони кишварҳои аврупоии узви Гурӯҳи 7 пеш аз оғози нишаст гуфта буданд, қасд доранд, Трампро барои эъмоли таҳримҳои сахттар алайҳи Русия мойил кунанд.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Франса, гуфт бо таваҷҷуҳ ба ҳадафи дастёбӣ ба оташбас дар Ховари Миёна, тарки нишаст кардани Трамп «иқдоми мусбате» аст ва афзуд, ки амрикоиҳо «пешниҳоди дидор бо эрониҳоро додаанд.» Макрон ба хабарнигорон гуфт: «Агар Иёлоти Муттаҳида тавонад, ба оташбас даст ёбад, ин бисёр хуб аст.»
Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико, дар миёни гумоназаниҳо дар бораи эҳтимоли дахолати низомии Амрико гуфт, Трамп ҳамчунон умедвор ба ҳаллу фасли масъала аст.
Пит Ҳегсет дар телевизиони Фокс Нюс гуфт: «Мо қудратмандем. Омодаем. Дар ҳолати дифоӣ ҳастем ва раисҷумҳур Трамп умедвор аст, ки метавонад ба сулҳ даст ёбад.» Ӯ вазъияти нерӯҳои Амрикоӣ дар минтақаро «дифоӣ ва ҳушёр» тавсиф кард. Вазири дифои Амрико гуфт: «Мо аз ибтидо пайваста паём додаем, ки ҳузурамон дар минтақа барои дифоъ аз мардум ва манофеъамон аст.»