Дар ҳамлаи мусаллаҳона ба мактабе дар Австрия чандин кас кушта шуд

Ходимони полис дар назди мактаби хонандагони синфҳои болоии шаҳри Гратс. 10 июн, Австрия

Дар шаҳри Гратси Австрия дар паи тирандозӣ дар мактаби синфҳои болоӣ чандин кас кушта ва захмӣ шудаанд. Рейтарс ва Ассошиэйтед пресс рӯзи 10 июн бо такя ба матбуоти маҳаллӣ хабар доданд, ки ҳамлагаре бо силоҳи оташфишон дар мактаби маҳаллӣ тирандозӣ кад.

Полиси маҳаллӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса чандин кас кушта ва захмӣ шудааст, вале феълан омори дақиқе нашр накардааст. Матбуоти маҳаллӣ дар бораи кушта шудан то 9 нафар хабар додааст.

Дар миёни маҷрӯҳшудаҳо шогирдон ва омӯзгорони мактаб ҳастанд. Полис гуфтааст, ки дар кӯчае, ки мактаб ҷойгир аст, амалиёт идома дорад. Ходимони полис дохили мактабро холӣ мекунанд.

Маълум нест, ки оё ҳамлагар ҳам дар байни кушташудаҳо ҳастанд ё на. Нашрияи Kronen Zeitung гузориш дод, ки ҷасади ҳамлагари эҳтимолӣ дар дохили утоқи дастшӯии мактаб пайдо шуд, вале Рейтерс мегӯяд, феълан тасдиқи дурустии ин хабар имкон надорад.

Маълум нест, ҳамлагар кӣ асту чаро даст ба чунин кор задааст.

Гратс дуюмин шаҳси калонтарини Австрия мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳалокати 10 нафар дар ҳамла ба як клуби шабона дар КалифорнияҲалокати дастикам 19 кӯдак дар ҳамла ба як мактаб дар Техаси Амрико