Раҳбарони Амрико, Фаронсаву Бритониё, Канадаву Олмон ва Ҷопон дар ин нишасти серӯза дар шаҳри Кананаскис дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз шиддат гирифтани ҷанг байни Исроилу Эрон ва ҳам поён додан ба ҷанг дар Украина гуфтугӯ мекунанд. Интизор меравад, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳам дар нишаст ҳузур дошта бошад ва бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мулоқот кунад.
Пеш аз тарки Вашингтон дар рӯзи 15-уми июн аз Доналд Трамп, пурсиданд, ки чӣ тадбирҳое барои коҳиш додани шиддати низоъ андешидааст. Ӯ гуфт: “Умедворам, (байни Эрону Исроил барои барқарории оташбас) тавофуқ шавад. Фикр мекунам, замони тавофуқ расидааст. Аммо гоҳ вақт онҳо бояд бо ҳам биҷанганд.”
Доналд Трамп бо ситоиш аз амалиёти Исроил, иддаоҳои Эронро рад кард, ки Амрико ҳам дар он ширкат дорад. Ӯ ба Теҳрон ҳушдор дод, ки бо ниқор аз Исроил ҳадафҳои Амрикоро нишон нагирад.
Урсула вон дер Лейен, раиси Кумиссиёни Аврупо гуфт, рӯзи 15-уми июн дар сӯҳбати телефонӣ бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил изҳор доштааст, ки дипломатия беҳтарин роҳи ҳалли муноқиша аст.
Ҳангоми нишасти хабарӣ, ӯ Эронро сабабгори низоъ номид ва ба баёнияи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ишора кард, ки ҳафтаи гузашта гуфт, Эрон аҳдҳои байналмилалии худ дар назди ин ниҳоди Созмони Милалро риоят намекунад.
Урсула вон дер Лейен гуфт: “Дар ин замина, Исроил ҳақ дорад, худро дифо кунад. Эрон манбаи аслии ноамнӣ дар минтақа аст.”
Ӯ афзуд, дар нишасти Гурӯҳи 7 дар баробари бӯҳрон дар Эрон, ҷанги Украина ҳам баррасӣ мешавад, ки Русия онро бо паҳподҳои тавлиди Эрон ҳадаф мегирад.
Ба қавли Урсула вон дер Лейен: “Ҳамон навъи паҳподҳо ва мушакҳои балластикии тарроҳӣ ва сохташуда дар Эрон яксара шаҳрҳои Украина ва Исроилро ҳадаф қарор медиҳанд. Аз ин рӯ ба ин таҳдидҳо бояд ба таври муштарак расидагӣ шавад.”
Ба қавли раиси Кумиссиёни Аврупо, ҳамчунин бояд ба Русия фишори бештар биёранд, то дар Украина созиши оташбас барқарор шавад. Аммо ҳамлаҳои мутақобили Исроил ва Эрон ва кӯшишҳо барои пешгирӣ аз шиддат гирифтани низоъ эҳтимолан дар нишасти сарони кишварҳо баробар бо ҷанги Украина мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.
Исроил гуфт, барои пешгирӣ аз даст ёфтани Эрон ба бомби атомӣ ба ин кишвар ҳамла кардааст. Дар ин ҳамлаҳои аввалин ва ғофилгиронаи Исроил дар рӯзи 13-уми июн фармондеҳони олирутба ва донишмандони ҳастаии эронӣ кушта шуданд. Аз он замон то кунун ба гуфтаи вазорати тандурустии Эрон 224 нафар кушта шудаанд. Сухангӯи вазорат, Ҳусейн Кирмонпур гуфт, ки 1277 нафар дигар захмӣ шудаанд ва беш аз 90 дарсади қурбониён мардуми ғайринизомӣ будаанд.
Мақомоти Исроил низ гуфтаанд, ки дар ҳамлаҳои Эрон то ҳол ҳадди ақал 10 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд. Дар мавҷи аввали ҳамлаҳо, Исроил зоҳиран аз ҳамла ба зерсохторҳои энержии Эрон худдорӣ кард, аммо вазорати нафти Эрон субҳи 15-уми июн эълом кард, ки Исроил ба ду анбори сӯзишворӣ дар Теҳрон зарба задааст.
Исроил гуфт, ки рӯзи 15-уми июн вазорати мудофиаи Эрон, пойгоҳҳои партоби мушак ва корхонаҳои аслиҳасозиро ҳадаф гирифтааст. Расонаҳои вобаста ба давлати Эрон таркиш ва оташсӯзӣ дар ҳамла ба як ҳавопаймои сӯзишворӣ дар Машҳад, дар шимолу шарқи кишварро тасдиқ карданд.
Исроил гуфт, ки мушакҳои эронӣ субҳи 16-уми июн Тел-Авив ва шаҳри бандарии Ҳайфаро ҳадаф гирифта, биноҳои истиқоматиро хароб кардаанд. Расонаҳои Исроил гуфтанд, ки се нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар дар ҳамлаҳои шабона захмӣ шудаанд.
Дар миёни нигарониҳо аз густариши даргирӣ, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷӣ ба расонаҳои давлатӣ давлатӣ гуфт, идомаи музокироти ҳастаӣ бо Иёлоти Муттаҳида бемаъно аст ва генерал Исмоил Кавсарӣ гуфт, Теҳрон дар ҳоли баррасии бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз, яке аз муҳимтарин роҳҳои киштиронии ҷаҳон, мебошад.
Тарси он вуҷуд дорад, ки низоъ метавонад, дар саросари Ховари Миёна густариш ёбад, минтақае, ки аз замони ҳамлаи Ҳамос ба ҷануби Исроил дар 7 октябри соли 2023 ва посухи Исроил барои маҳви Ҳамос дар Навори Ғазза дар панҷаи изтиробу таҳлука қарор дорад.