Таҳдиди вакили рус ба муҳоҷирон: "Депортатсия ба қишлоқҳои азизашон"

Михаил Матвеев аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатии Русия аст.

Вакилони мардумии Русия бо баҳсу баррасии зиёд ва баёнияҳои олуда ба таҳқир дар ҳаққи муҳоҷирон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки мактабҳоро ӯҳдадор месозад, ҳамаи иттило дар бораи фарзандони муҳоҷиронро ба вазорати умури дохилӣ бидиҳанд.

Ба қавли муаллифонаш, санади мазкур имкон медиҳад, пеши роҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия, ки мардум аз он бисёр норозӣ ҳастанд, гирифта шавад ва худи бачаҳои муҳоҷирони тоҷику узбеку қирғиз дар кӯча намонанд.

Михаил Матвеев, вакили рус: “Шашсад ҳазор дар марказҳои тиҷоратӣ ва кӯчаҳои мо дайдугӣ мекунанд, галла-галла мегарданд, ба кӯдакону калонсолон ҳамла мекунанд, майдончаҳои бозии кӯдаконро террор мекунанд.”

Вакили хашмгини Думаи давлатӣ рӯзи 10-уми июн муовини вазири корҳои дохилии Русияро сарзаниш дорад, ки бачаҳои муҳоҷиронро беназорат гузоштаанд ва аҳвол ба ин ҳад бад шудааст. Қонуне, ки баррасӣ шуд, мактабҳои Русияро ӯҳдадор мекунад, ки тамоми иттило дар бораи фарзандони муҳоҷиронро дар ихтиёри вазорати корҳои дохилӣ гузоранд. Мақсад ба гуфтаи мақомот, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи бачаҳои муҳоҷирон аст.

Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия: «Ҳадафи қонун тақвияти назорати муҳоҷират ва таъмини ҳаққи муҳоҷирони қонунӣ дар кишвар барои гирифтани дониш ва муоширату ҳамгироии онҳо бо ҷомеаи Русия аст. Мо бовар дорем, ки ин (санад) ба ошкор кардани хориҷиёни ноболиғ, волидон ва ё парасторони қонунии онҳо бар асоси Конститутсияи Русия ҳаққи таҳсили умумиро надоранд, мусоидат мекунад. Ҳамчунин шароитро барои кору мудирияти босамартари ниҳодҳои соҳаи маориф фароҳам месозад.”

Натиҷаи баръакси қонун

Дар сурати тасвиби қонун, агар фарзанди як муҳоҷири тоҷик дар мактабе қабул шавад, мактаб бояд дар бораи ӯ, натиҷаҳои имтиҳонаш аз забони русӣ ба вазорати корҳои дохилӣ хабар диҳад. Айни замон вазорат бояд ба идораҳои маориф расонад, ки фарзанди фалон муҳоҷири қонунӣ мактаб намеравад ва бояд ӯро ба таҳсил фаро гиранд. Мутахассисон мегӯянд, қонуни нав натиҷаи баръакс медиҳад:

Влада Баранова, устоди Донишгоҳи Ҳамбурги Олмон ва пажӯҳишгари муҳоҷират: "Ниҳодҳои давлатии Русия мафҳуми ғайриқонуниро ба гунаи худ шарҳ медиҳанд, санадҳои зиёде вуҷуд доранд, агар бар асоси онҳо бубинанд, ҳар як шаҳрванди Русия ҳам ғайриқонунӣ ҳисоб мешавад, ки ягон коре кардааст ва ё сабти иқоматаш дуруст нест. Бо назардошти ин агар мактабҳо ин маълумотро бидиҳанд, ин як тарси дигар барои хонавода аст, ки мумкин аст, тамоман бачаро ба мактаб нафиристанд. Чунки ҳеч кас ба дурустии санадҳои худ бовар надорад ва агар онҳо фаҳманд, ки бачаашон аз имтиҳон нагузарад ва ин риск барои тамоми оила аст. Ба андешаи ман, ин сабаби бесавод мондан, бе имкони таҳсилу дур мондан аз мактаб мешавад. “

Дар Думаи Давлатӣ доир ба теъдоди фарзандони муҳоҷирон дар Русия оморҳои гуногун оварданд ва якеро ҳам Михаил Матвеев гуфт, ки гӯё аз вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо додаанд.

Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатӣ: “Дар Русия теъдоди хориҷиёни ноболиғ 783 000, аз шумори онҳо 192 000 ҳазор таҳсил мекунанд. Агар рақами аввалро бо дуввумӣ тарҳ кунем, ҳосилаш ин аст, ки дар 591 000 фарзандони муҳоҷирон таҳсил намекунанд. “

Омори ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ дурӯғ, чун мақомоти Русия онҳоеро, ки мисли тоҷикон душаҳрвандӣ доранд, ҳамчун хориҷӣ сабт мекунанд, Ҳадаф аз ин баёнияи Матвеев ба қавли як мусоҳиби Радиои Озодӣ “нодону бесавод” нишон додани муҳоҷирон аст. Баҳс сари тарҳи қонун тақрибан як соат ва то ба ҷое кашид, ки яке аз пешниҳод кард, талабот аз волидони муҳоҷирон сахттар шавад.

Алексей Куринний, вакили Думаи давлатӣ: "Оё дар оянда дар қонунгузорӣ тағйироте хоҳанд шуд, ки иҷоза медиҳанд, ки волидону фарзандони онҳоро, ки ҳамоиш намеёбанд, намехонанд, қонунҳои Русияро дуруст риоят намекунанд, асос барои ихроҷ аз хоки Русия шавад."

Талаботи печидаву зиёд

Волидони тоҷики муқими Русия, ки Радиои Озодӣ бо онҳо сӯҳбат кард, гуфтанд, ба мактаб додани фарзандон бисёр сахт аст, чун пул зиёд лозим аст ва бахусус дар мактабҳои шаҳрҳо ҷой на танҳо барои бачаҳои муҳоҷирон, балки худи мардуми маҳаллӣ намерасад. Айни замон як дарза санад талаб мекунанд, то худи муҳоҷир дилсард шуда бачаро ба мактаб надиҳад. Мутахассисони тоҷик ҳам айни гуфтаро такрор мекунанд.

Шӯҳрат Латифӣ, мутахассиси соҳаи муҳоҷират: «Муҳоҷирон умдатан алоқаманд ҳастанд, ки фарзандонашон таҳсил кунанд, зеро як омили асосӣ барои ҳамгироии онҳо ба ҷомеа ва амнияти иҷтимоиашон аст. Аммо монеаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки намегузорад, бачаҳои муҳоҷиронро саривақт ба мактаб гиранд. Талаби санадҳои зиёд, аз ҷумла дар кишварҳо бо қоидаҳои сахти муҳоҷират намегузорад, волидон тамоми санадҳои зарурӣ барои мактабро ҷамъ кунанд.»

Яке аз вакилони думаи давлатӣ гуфт, ҳеч яке аз фарзандони муҳоҷиронро набояд бепул ба мактаб қабул кунанд, ҳатто агар қонунӣ ҳам бошад. Ба қавли ӯ, бояд корфармо, ё худи муҳоҷир пули мактабро диҳад, то ба музди кори муаллимон илова шавад. Таҳдиди ошкоро ба муҳоҷирон ҳам буд:

Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатӣ: “Тамоми волидони муҳоҷирон бояд донанд, ки агар онҳо ӯҳдадориҳои худ барои тарбияи фарзандро иҷро намекунанд, ба дарс омода карда наметавонанд, санадҳояшон нокомил аст, ё мӯҳлати санадҳои муҳоҷиратии худашон гузаштааст, ё фарзандашон забони русӣ намедонад ва намехоҳад дарс хонад, онҳо бояд бидонанд, ки як интихоб доранд, депортатсия ҳамроҳ бо фарзандон ба хона ба қишлоқҳои азизашон. “

Дар ин ҷаласа масъалаи муҳоҷиратро як масъалаи доғ дар Русия номиданду таъриф карданд, ки барои ҳалли ин масъала дар муддати кутоҳе 16 қонун қабул шудааст. Ба гуфтаи сиёсатшиносон, вакилони рус бо доман задани ин масъала мехоҳанд, таваҷҷуҳи мардумро аз ҷанги вайронгар дар Украина ва мушкилоти зиёди худи дохили Русия ба дигар тараф кашанд.

Влада Баранова, устоди Донишгоҳи Ҳамбурги Олмон ва пажӯҳишгари муҳоҷират: "Аз як тараф ин дуруст, ки таваҷҷуҳи мардумро аз ҷанг ба дигар тараф кашанд, дигар ин ки мардум тарси зиёд доранд ва мақомот масъалаи муҳоҷиратро, ин тарсро норизоиятӣ аз мушкилоти иҷтимоӣ ноамнӣ ва ҷинояткорӣро фӯру нишонанд. Барои ҳамин ба ҷойи ҳалли мушкилоти амниятӣ, дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоӣ муҳоҷиратро гунаҳкор мекунанд.“

Баҳс сари тарҳи қонун дар канали Вчеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия ҳам тезутунд аст ва бисёрие аз корбарон гуфтаанд, ки ба ватани онҳо на муҳоҷирон даркоранду на фарзандонашон. Дар ин миён яке бо номи Eleonora навиштааст: «Вақтҳои ахир дар Русия фақат қонунҳо дар бораи муҳоҷирон қабул мешаванд. Гӯиё, ки дар Русия ба ғайр аз муҳоҷирон ягон масъалаи ҳалталаб нест.”