Маъмурияти Доналд Трамп тарҳеро баррасӣ дорад, ки бар асоси он сафари шаҳрвандони боз 36 кишвар, азҷумла баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иёлоти Муттаҳида маҳдуд мешавад. Дар ин бора рӯзномаи Washington Post баъди шинос шудан бо як санади Департаменти давлатии Амрико гузориш додааст.
Президенти Амрико Доналд Трамп мегӯяд, расидан ба созиш дар бораи хатми даргирӣ миёни Исроил ва Эрон осон аст, аммо ду душмани дерина ҳамлаҳои навро оғоз кардаанд. Дар як вақт Ҳусиҳои Яман ҳам, ки ҳимояи Эрон бархӯрдоранд, эълон карданд, ки ба сӯи Исроил мушак партоб кардаанд.
Дар ҳоле, ки нахуствазири Исроил ваъдаи ҳамлаҳои бештарро алайҳи Эрон дод, Теҳрон мавҷи наве аз мушакҳоро ба тарафи Телавив ва шаҳрҳои дигари Исроил партоб кард.
Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Исроил ба хоки ин кишвар, аз шомгоҳи 13 июн то субҳи 14 июн, шаш дафъа ба самти Исроил ҳамлаҳои мушакӣ анҷом додааст.
Ҳамлаи васеъмиқёси Исроил ба Эрон зоҳиран раҳбарони низомии кишварро ғофилгир кард ва шояд сабаби таъхир дар ҳамлаи ҷавобӣ ба Исроил шуд.
Пулиси Аҳмадобод дар Ҳиндустон хабар додааст, ки аз 242 сарнишини ҳавопаймои Air India танҳо як нафарро зинда пайдо кардаанд.
Расонаҳои Ҳиндустон хабар додаанд, ки аз 242 сарнишини ҳавопаймои Air India ҳанӯҳ касеро зинда пайдо накардаанд. Дар миёни сокинони биное, ки ҳавопаймо бархурдааст, қурбониён низ ҳаст, вале ҳанӯз теъдодашон эълон нашудааст.
Ҳавопаймои ширкати Air India бо 242 мусофир дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон ба замин афтода, оташ гирифтааст.
Ёфтҳои бештар