Ҷанг ва инсонҳо. Нигоҳи чанде аз тоҷикон дар Эрону Исроил ва эрониҳо дар Тоҷикистон

Аксе аз Теҳрон.

Ҷанги Исроил ва Эрон, ки бо ҳамлаҳои Исроил ба иншооти ҳастаӣ ва низомии Эрон сар шуд, дар Тоҷикистон нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Ҷонибдорону мухолифони ду тараф дар фазои маҷозӣ бо ҳам даргир мешаванд. Бархе ба унвони мардуми мусулмон ва форсизабон аз Эрони ҳамзабону ҳамфарҳанг ҳимоят ва Исроилро маҳкум мекунанд, бархе дигар мегӯянд, Эрон бо барномаи шубҳабарангези ҳастаӣ, режими охундӣ ва сармоягузорӣ ба гурӯҳҳои тундрав дар Ховари Миёна заминагузори ҷанг шуд, аммо аксарият умедворанд, ки пеши роҳи густариши ин ҷанг гирифта шавад.

Эрон як кишвари ҳамзабон бо Тоҷикистон аст, ки тоҷикон барои таҳсил, тиҷорат, табобату гардишгарӣ ва ниёзмандиҳои дигар ба ин ҷо зиёд сафар мекунанд. Бо ҳамвор шудани равобити ду кишвар пас аз чандин соли сардӣ ва бекор шудани виза ин сафарҳо афзудаанд. Бо оғози зарбаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон, тавре сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 16 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз Эрон бароварда шуданд ва 100 нафари дигар худро номнавис кардаанд.

Дар Тоҷикистон низ шаҳрвандони зиёди Эрон кору таҳсил мекунанд, ки идомаи ҷанг ва пайомадҳояш онҳоро гирифтори ҳаросу ноумедӣ кардааст. Як донишҷӯи эронии яке аз донишгоҳҳои Душанбе мегӯяд, ки тамоми ҳодисаҳои рӯзҳои ахир хеле зуд иттифоқ уфтод, ки ҳеч касе тасаввурашро надошт: “Алъон ҳама бениҳоят стресс доранд. Хонаводаи ман дар Машҳаданд. Машҳад дуртарин шаҳр аз Исроил аст. Барои ҳамин бомбборон дар Машҳад камтар аст, вале дар Теҳрон, Исфаҳон, Шероз, Табрез хеле-хеле зиёд аст. Ҳарчанд дар Машҳад камтар аст, вале он стресе, ки вуҷуд дорад ва он, ки намедонӣ фардо қарор аст, чӣ иттифоқе биафтад, бениҳоят сахт аст.”

Ду тарафи ҷанг аз ҳадаф қарор додани марказҳои низомӣ ва ниҳодҳои стратегии якдигар гузориш медиҳанд ва якдигарро то марзи нобудӣ таҳдид мекунанд. Аммо аз расидани мушакҳо ба минтақаҳои маскунӣ ва ҳалок шудани мардуми осоишта камтар мегӯянд. Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки Исроил намехоҳад, ҳаҷми вайрониҳо ва маргумирро аз мушакборони Эрон расонаӣ кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таъсири ҷанги Исроилу Эрон ба мардуми осоиштаи ин кишварҳо

Як муҳоҷирзани тоҷиктаборе аз Самарқанди Узбекистон, ки дар шаҳри Ҳайфаи Исроил қарор дорад, мегӯяд, ҳамаи рӯзҳои охир дар паноҳгоҳ ба сар мебарад.

“Аз соати 3-и шаби ҷумъа, 13 июн ба ин сӯ мо дар паноҳгоҳ қарор дорем. Фақат барои хӯрок ба хона мебароем ва боз ба он ҷо бармегардем. Дар берун ҳама ҷо бастааст, ҳеч куҷо кор намекунад. Ҳама ҷо маҳкам, ҳеҷ кас дар кӯча намегардад. [Мақомот] “кӯча набароед” гуфтааст. На ба мо, на ба сокинони маҳаллӣ, ба касе иҷоза нест. Аз ҳар тараф мепартоянд – ҳам аз тарафи Яман ва ҳам аз тарафи Эрон. Аз ҳамин сабаб мегӯянд, ки берун набароем.”

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, як ҳамватани ӯ дар таркиш захмӣ шудааст. Ба хотири ноором накардани хешовандонаш дар шаҳри Самарқанд, ин зан нахост номи худ ва ҳамватани захмияш нашр шавад.


Шаб мисли рӯз шуду рӯз мисли шаб

Аноҳито Додихудо, рӯзноманигори тоҷик, ки ҳоло муқими шаҳри Ҳайфаи Исроил аст, мегӯяд, аз оғози ин ҷанг шароити аҷибу ғарибе шудааст. Ӯ мегӯяд: «Масалан хондам, ки вақти ҳамла дар Эрон мардум паноҳгоҳ надоранд, ҳама аз Теҳрон ва шаҳрҳо фирор мекунанд. Эрон кишвари бузург аст, мардум метавонад, ба ҷойи амнтар гурезанд. Аммо дар Исроил ту ҳеҷ куҷо фирор намекунӣ, ҳамон паёмеро, ки артиш ба ту мефиристад, ту бояд онҳоро нигоҳ кунӣ ва тасмим бигирӣ. Шабҳо шурӯъ мешавад, рокетҳои баллистикӣ, аз тарафи Эрон партоб мешавад. Вақте ки шаб шуд, омодагӣ мегирӣ. Се рӯз аст, ки хоб накардам. Дигар шаб мисли рӯз шуду рӯз мисли шаб. Ҳамин хел меравӣ паноҳгоҳ, мунтазир мемонӣ, мешунавӣ он рокетҳои баллистикиро, садои системаи зиддиҳавоиро, ин чизҳоро ту мешунавӣ. Бисёртар равонӣ аст, вақте ки медонӣ, шонсе ҳаст, ки биёяд туро бизанад.”

Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир осеби ҷанг танҳо ба ду кишвари душман мерасад, коршиносон мегӯянд, идомаи буҳрон дар дарозмуддат таъсири манфие ба минтақа, аз ҷумла кишварҳои ҳамсояи Эрон дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон хоҳад дошт.

Шералӣ Ризоиён, коршиноси равобити байналмилал дар Тоҷикистон мегӯяд, ин ҷанг бисёр пайомадҳои манфӣ дорад, зеро қатъи назар аз одате, ки аз ҳамсоягӣ бо Афғонистони бесубот пайдо шудааст, ноамнӣ дар Эрон таъсири калонтаре ба Осиёи Марказӣ хоҳад дошт. Ӯ гуфт: “Агар барои Тоҷикистон бибинем, бо дар назардошти ягонагии фарҳангу таъриху забон ва омилҳои дигари тамаддунӣ барои мо ҷойи изтироб аст. Зеро ба ҳамон андозае, ки Тоҷикистон барои Эрон жарфнои стратегӣ аст, ба ҳамон андоза Эрон барои Тоҷикистон ин аҳамияти стратегиро дорад. Эҳтимол дар ин аст, ки шояд дар кишвари мо низ баъзе бозбиниҳо нисбат ба Амрико ва кишварҳое, ки чунин шароитро барои Эрон сохтанд, пайдо шавад, шояд як андоза унсури муносибати на он қадар мусбат нисбат ба Исроил ҳам пайдо шавад, чунки он чизеро, ки мардуми мо мебинад, ба вижа мардуми равшанфикр, дигар пажӯҳишгарон мебинанд, албатта ин боиси нигаронӣ аст”.

Вале аз диди ин коршинос, чун Тоҷикистону Эрон шарики калидии тиҷорӣ нестанд, шояд ин буҳрон ба тиҷоратҳо ва иқтисоди Тоҷикистон пайомадҳои манфии иқтисодии бузург надошта бошад, вале аз нигоҳи равонӣ таъсири ҳатмӣ ба мардум хоҳад расонд.

Пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон дар 13 июн ва оғози ҳамлаҳои ҳавоии ду кишвар шароити ғайриинтизор барои мардум, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишварҳо қарор доранд эҷод шудааст. Аноҳито Додихудо мегӯяд, ҳарчанд тоҷикон дар Исроил зиёд нестанд, вале ҳастанд ва ӯ бо баъзеи онҳо тамос дорад. Тоҷикистон дар Исроил сафорат надорад ва масъулияти равобит ба дӯши Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира аст. То кунун хабари расмӣ, дар бораи берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишвар расонаӣ нашудаанд. Тоҷикистон дар рӯзи аввал ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум кард ва хостори роҳҳои сулҳомези ҳалли буҳрон шуд.